Беҳтарин ҳакамони футболи Тоҷикистон, ки дар мавсими нав бозиҳои лигаи олиро доварӣ хоҳанд кард, барои ширкат дар ҷамъомади таълимию тамринӣ рӯзи 5-уми феврал ба шаҳри Анталияи Туркия сафар карданд.
Ба иттилои Сафар Каримов, раиси кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ба ин ҳайат 12 нафар доварон шомиланд, ки инҳоянд: доварони ФИФА - Хуршед Дадобоев (Хуҷанд), Парвиз Муртазоев (Душанбе), Аъзам Бӯриев (Қӯрғонтеппа), Насрулло Кабиров (Норак), ёварони довари ФИФА - Акмал Бӯриев (Турсунзода), Рустамбек Хӯҷаев (Қубодиён), Сайёдҷон Зайниддинов, Хусрави Сиддиқзод (ҳарду аз Душанбе), инчунин доварони дараҷаи аввал - Вафо Қараев (Шаҳринав), Наимҷон Мансуров (Бобоҷон Ғафуров), Ҳамза Шоймардонов (Хуросон) ва Насим Ҳамидов (Душанбе) мебошанд.
Ин марҳилаи омодагии доварони тоҷик ба мавсими нави футбол дар Туркия то рӯзи 15-уми феврал идома хоҳад кард. Доварони тоҷик дар ин ҷо таҳти раҳбарии омӯзгор Абдураҳим Бобоев, собиқ довари ФИФА, дараҷаи касбиашонро баланд бардошта, инчунин ба бозиҳои санҷишии дастаҳое, ки дар урдугоҳҳои туркӣ дар Анталия тамрин мекунанд, хидмат мерасонанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ пеш аз сафари доварони тоҷик ба Туркия Ислом Маҳмадшоев, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон, бо онҳо мулоқот кард. Вай ба доварони тоҷик, ки барои аввалин бор ба мавсими нави футбол дар хориҷи кишвар омодагӣ мебинанд, барори кор орзу намуд. Ӯ гуфт, “аз довар бисёр чиз бастагӣ дорад. Довар метавонад бозиро вайрон кунад ё ба маҷрои дуруст барад. Аз ин рӯ, дар майдон соҳибкасб будан ва бозиро вайрон накардан вазифаи аслии ҳар як довар мебошад. Ба шумо дар мавсими нав доварии бехато ва баландашавии дараҷаи касбиро орзумандам.”
Дар ин мулоқот зикр гардид, мутаассифона, Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ягона кишварест, ки ҳоло дар рӯйхати доварони баргузидаи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) дастаи худро надорад. Ҳол он ки чанд сол муқаддам дар ин рӯйхат ду дастаи доварони тоҷик буд. Дар ҳамин ҳол танҳо як нафар - Баҳром Саъдуллоев, ёвари довари ФИФА, - ба ин гурӯҳ дохил аст.