Оҷонсии зидди фасоди молии Тоҷикистон алайҳи Муҳаммадҷон Атоев - раиси ширкати хусусии “Лайф Стар” дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт парванда боз карда, ӯро барои гурез аз пардохти андоз муттаҳам медонад.
Ин ниҳод мегӯяд, “Муҳаммадҷон Атоев бо ҳисобот ва эъломияҳои бардурӯғ 1 миллиону 78 ҳазор сомонӣ андозро насупорида, пинҳон шудааст”.
Ба қавли мусоҳиби мо дар Оҷонсии зидди фасод, ин ширкат бештар ба ворид кардани маводи мавриди ниёзи сокинон, ба мисли маҳсулоти гӯштӣ ва равғану шакар, аз хориҷ ба кишвар машғул буд.