Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари дипломатҳои Чину ИА ва Амрико ба Душанбе


Дар даҳаи аввали моҳи феврал ҳайатҳои дипломатии Чину Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико аз Тоҷикистон боздиди расмӣ мекунанд. Бино ба иттилои вазорати хориҷаи Тоҷикистон, ҳайати Чин ба раҳбарии муовини раиси Кумитаи рушд ва ислоҳот Ван Сятао аз 1 то 4 феврал ва роҳбари сохтори Осиёи Марказии Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Тайво Клаар аз 1 то 5 феврал аз Душанбе боздид хоҳанд кард. Ҳамин тавр, аз 5 то 9 феврал пойтахти Тоҷик истотн мизбони як ҳайати баландпояи дипломатии Амрико хоҳад шуд. Интизор меравад, дар ин рӯзҳо муовини ёвари вазири хориҷаи ИМА оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Даниэл Розенблум ва муовини ёвари вазири хориҷаи ИМА оид ба демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнат Стивен Фелдштейн ба Тоҷикистон биоянд.

Даниэл Розенблум ҳафтае пеш эълон кард, ки Амрико аз ҳисоби таслиҳоте, ки дар Афғонистон дорад, ба Узбакистон 328 мошини зиреҳпӯш, аз ҷумла 308 зиреҳпӯши M-ATV ва 20 зиреҳпӯши эвакуатсионӣ медиҳад.

XS
SM
MD
LG