Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ал-Араб" ба пахши барномаҳояш шурӯъ кард


Дар Баҳрайн рӯзи якшанбе шабакаи нави телевизионӣ бо забони арабӣ - "Ал-Араб" ба пахши барномаҳояш шурӯъ кард. Мавзӯи меҳварӣ дар рӯзи аввали пахши барномаҳо - куштори хабарнигори ҷопонӣ Кендзӣ Гото аз сӯи гурӯҳи "Давлати исломӣ" буд. Раҳбарияти "Ал-Араб" изҳор намуд, ки дар пахши ахбор ва инъикоси назарҳои сиёсӣ рӯи воқеъбиниву бетарафӣ ва дақиқӣ тамаркӯз мекунад.

Шабакаи нав аз сӯи миллиардер ва узви хонаводаи шоҳигарии Баҳрайн шоҳзода Ал-Валид ибни Талол сармоягузорӣ мешавад. Дар бозори телевизионӣ "Ал-Араб" бо шабакаи "Ал-Ҷазира" рақобат хоҳад кард, ки 19 сол пеш дар Қатар таъсис шудааст. Дигар рақиби "Ал-Араб" - шабакаи "Ал-Арабия" аст, ки ба афроди сарватманди Арабистони Саъудӣ тааллуқ дорад ва дар Дубай, бузургтарин шаҳри Аморати Муттаҳидаи Араб ҷойгир шудааст.

XS
SM
MD
LG