Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Курдҳо Кӯбониро таҳти назорат гирифтанд


Нерӯҳои мусаллаҳи курдҳо бо мусоидати ҳавопаймоҳои низомии Амрико гурӯҳи “Давлати исломи”-ро аз шаҳри Кӯбонӣ, воқеъ дар шимоли Сурия берун карданд. Дар ин бора генерали амрикоӣ Ҷеймс Террӣ, фармондеҳи Гурӯҳи муттаҳидаи нерӯҳое, ки амалиёти ҳавоӣ алайҳи ситезаҷӯёнро анҷом медиҳад, рӯзи якшанбе, 1 феврал хабар дод.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, озодии Кӯбониро хело муҳим номид ва гуфт, ки мусаллаҳони «Давлати исломӣ» бояд шикасти худро дар ин шаҳр иқрор кунанд. Дар навори видеое, ки як шабакаи хабарии исломгароҳо нашр кардааст, ду узви гурӯҳи «Давлати исломӣ» шикастро бо зарбаҳои ҳавоии Эътилофи таҳти фармони ИМА рабт медиҳанд.

Аз тобистони соли гузашта нерӯҳои курд барои назорати Кӯбонӣ, шаҳри воқеъ дар марзи Туркия, бо гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар набард буданд.

XS
SM
MD
LG