Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз зидди "Шарлӣ Эбдо" ба хушунат печид


Задухӯрди полис ва эътирозгарон алайҳи нашри тасвири танзомези Паёмбари ислом дар маҷаллаи фаронсаии “Шарлӣ Эбдо” дар Кобул, пойтахти Афғонистон, мунҷар ба ҳалокати ду нафар ва ҷарҳоат бардоштаи се каси дигар гардид.

Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, тақрибан 500 нафар ба хиёбоҳнои рехта, “Марг ба Фаронса!” ва “Марг ба душманони ислом!” шиор мезаданд. Манбаъҳо дар полис мегӯянд, эътирозҳо баъди он шиддат гирифтанд, ки ҷамъомадагон сӯи кормандони полис санг андохтанд ва сипас аз силоҳ низ истифода бурданд. Раиси полиси Кобул Абдул Раҳмон Раҳимӣ низ гуфт, ки баъзе аз ҷинояткорон миёни эътирозгарон даромада, аз он ҷо сӯи полис оташ кушоданд”.

Аз ин пеш дар Кобул ду бори дигар тазоҳурот алайҳи “Шарлӣ Эбдо” доир гардид ва аммо дар онҳо касе осеб надида буд.

XS
SM
MD
LG