Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назорати сахти бойторӣ ва беҳдоштӣ дар марз


Қирғизистон назорати бойторӣ ва беҳдоштӣ дар гузаргоҳҳои наздимарзии "Қизил-Бел" ва "Қайрағач" дар вилояти Бодкандро сахттар хоҳад кард. Ин гузргоҳҳо дар наздикии марзи Тоҷикистон воқеанд.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ мегӯяд, ин иқдом дар пайи воридшавии Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё сурат мегирад. Барои иҷрои ин тарҳ ва харидориитаҷҳизоти зарурӣ нуҳуним миллон доллар ихтисос ёфтааст.

Ашӯрбой Юсупов, муовини раҳбари нозироти бойторӣ ва беҳдоштии Қирғизистон гуфтааст, тамоми корҳо дар ин замина бояд то моҳи май ба анҷом бирасад. Ёдовар мешавем, рӯзи 9 майи соли ҷорӣ Қирғизистон узви комилҳуқуқи Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG