Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари "пинҳонӣ"-и Путинро ёфтанд


Гузоришҳои хабарӣ ва блогнависони Русия мегӯянд, ки яке аз духтарҳои Владимир Путин, ки солҳо аз чашми мардум пинҳон дошта мешуд, раҳбари асосии тарҳи 1 миллиарду 700 миллион долларии тавсеаи Донишгоҳи Давлатии Русия дар Маскав аст.

Вале Олег Кашин-рӯзноманигор ва блогнавис дар як гузориши интернетии29 январ навиштааст, зане бо номи Катерина Тихонова раҳбарии ширкатеро бар уҳда дорад ва ин зан духтари Владимир Путин мебошад. Ин ширкат дар паҳлӯи бинои асосии донишгоҳ тарҳи сохтмонеро бар уҳда дорад.

Олег Кашин ин мақолаи худро “Духтари Путинро ёфтанд” номгузорӣ кардааст. Мақола замоне чоп шуд, ки як расонаи хабарии мустақил матлабе ба нашр расонд ва гуфт, ки раҳбарии ширкати “Инопрактика”-ро хонум Тихонова бар уҳда дорад. Дар мақола ишорае ба Путин набуд.

Вале хабаргузории Ройтерз аз қавли як манбаи наздик ба донишгоҳ навишт, ки Тихонова духтари Путин аст. Вақте ки Ройтерз аз Дмитрий Песков-сухангӯи Путин дар бораи ҳуввияти Катерина Тихонова пурсид, вай гуфт, ки “дар бораи шахсияти Катерина чизе намедонад ва вай на бо фарзандони раиси ҷумҳур, балки бо худи раиси ҷумҳур кор мекунад”.

XS
SM
MD
LG