Гурӯҳи “Давлати исломӣ” рӯзи панҷшанбе сабти садоии изҳороти гаравгони ҷопонӣ Кенҷӣ Готоро нашр кард. Дар он изҳорот Гото бо забони англисӣ ҳушдор додааст, ки агар мақомоти Урдун то шоми 29 январ маҳбус Соҷида ал-Ришавиро озод накунанд, халабони асируфтодаи урдунӣ Муръас ал-Касасабеҳ кушта хоҳад шуд. Ситезаҷӯён талаб кардаанд, ки Соҷида ал-Ришавиро ба марз бо Турия оварданд.
Соҷида ар-Ришавӣ баъд аз талоши номуваффақи ҳамлаи террористӣ боздошт шуд ва ҳоло дар як маҳбаси Урдун нигаҳ дошта мешавад. Ӯ дар таҳияи як ҳамлаи маргталабона дар Уммон, пойтахти Урдун, дар даҳ соли пеш айбдор мешавад. Дар он ҳамла 60 нафар ба ҳалокат расида буданд.
Ҳукумати Ҷопон мегӯяд, ки сабти садоии ахирро таҳқиқ кардааст.
Ду рӯз пеш ситезаҷӯён аз гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар як навори видеоӣ таҳдид карда буданд, ки агар Ар-Ришавӣ раҳо карда нашавад, онҳо гаравгони ҷопонӣ Кенҷӣ Гото ва халабони урдунӣ Муръас ал-Касасабеҳро баъд аз 24 соат эъдом мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки хабарнигори ҷопонӣ Кенҷӣ Готоро ҳамроҳ бо тоҷири ҷопонӣ Ҳаруна Юкава ба дасти ситезаҷӯён уфтода буд. Ҳаруна Юкава рӯзи 24 январ эъдом шуд. Токио аз иҷрои талаби “Давлати исломӣ” - раҳо кардани шаҳрвандонаш ба ивази пардохти 200 миллион доллар, сарпечӣ кард.