Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қодири Қосим: “Русия аз сармоягузорони аслӣ аст”


Қодири Қосим
Қодири Қосим

Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, гуфт, Русия ҳанӯз аз сармоягузорони аслии иқтисоди Тоҷикистон аст. Ҷаноби Қосим, ки рӯзи 27 январ ба суоли хабарнигорон посух медод, гуфт, дар нӯҳ моҳи соли гузашта Русия ба иқтисоди Тоҷикистон 149 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Вай афзуд, Чин бо 121,3 миллион доллар сармоягузорияш дар ҷои дувум ва Люксембург бо 87,9 миллион доллар дар мақоми сеюм қарор доранд. Қодири Қосим гуфт, дар ин раддабандӣ Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 81 миллион доллар сармоягузорӣ дар зинаи чаҳорум аст.

XS
SM
MD
LG