Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама гуфт, роҳҳои фишор ба Русия баррасӣ мешавад


Баъди ҳамлаҳои нави ҷудоихоҳон дар шарқи Украина, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, кишвараш ба истиснои иқдоми низомӣ тамоми гузинаҳо барои фишор ба Русияро баррасӣ мекунад. Барак Обама дар ин бора рӯзи 25-уми январ дар шаҳри Деҳлӣ сухан гуфт. Рӯзе пештар аз ин дар ҳамлаҳои мушакӣ ба шаҳри бандарӣ ва стратегии Мариупол дар вилояти Донетск, 30 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Ин ҳамлаҳоро кори дасти ҷудоиталабони тарафдори Русия медонанд. Барак Обама гуфт, ки Амрико барои расидагӣ ба ин масъала “тамоми гузинаҳои имконпазир ба ғайр аз иқдоми низомиро” баррасӣ мекунад ва дар ин замина бо шарикони байналмилалиаш ба хусус дар Аврупо машварат хоҳад кард. Қарор аст, барои баррасии ин вазъ, вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 29-уми январ дар шаҳри Бюрссел ҷамъ оянд. Як рӯз пештар аз ҳамла ба шаҳри Мариупол, яке аз пешвоёни ҷудоиталабон дар Донетск гуфт, ки тамоми вилояти Донетскро тассаруф мекунанд ва бо ҳукумати Украина музокироте барои сулҳ нахоҳанд дошт. Дар муноқишаҳо дар шарқи Украина аз моҳи апрел то кунун 5 ҳазор нафар кушта шудаанд. Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико баъди ишғоли нимҷазираи Қрими Украина ва кӯмак ба ҷудоиталабон бар зидди Русия таҳримоти иқтисодӣ эъмол карданд.

XS
SM
MD
LG