Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 6 нафар дар Ӯш ба гумони терроризм


Шаш тан дар Қирғизистон ба гумони иртибот бо гурӯҳҳои террористӣ боздошт шудаанд. Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон рӯзи якшанбе эълон кард, ки дар ҷараёни амалиёте, ки ҳафтаи гузашта дар вилояти Ӯш анҷом шуда, шаш гумонбар ҳамроҳ бо як миқдор лавозимоти ҷангӣ боздошт шудаанд. Дастгоҳҳои амниятии Қирғизистон ин шаш нафарро террорист номида ва мегӯянд, ки чаҳор нафари онҳо дар Сурия таълим дида ва пас аз бозгашт ба кишвар, ба роҳзании мусаллаҳона машғул будаанд. Қирғизистон ва кишварҳои дигари Осиёи Миёна аз ҳузури шаҳрвандони худ дар миёни ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқ ва Сурия нигаронанд ва онро таҳдиди ҷиддӣ барои кишварҳои худ ва минтақа арёбӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG