Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Юнон интихоботи порламонӣ идома дорад


Дар Юнон интихоботи сартосарии зудраси порламонӣ идома дорад. Дар ин кишвар тақрибан 9 миллиону 800 ҳазор ҳақи рай доранд ва онҳо бояд 300 намояндаи порламонро интихоб кунанд.

Натиҷаҳои ин интихобот барои тамоми қаламрави пули евро аҳамият дорад. Агар эътилофи тундравҳои чапгарои СИРИЗА, ки мухолифи тадбирҳои шадиди иқтисодӣ мебошад, дар интихобот пируз шавад, дар он сурат мумкин аст Юнон аз қаламрави истифодаи пули евро барояд.

ино ба натиҷаҳои назарпурсӣ, СИРИЗА ба раҳбарии Алексис Тсирпас аз нахуствазири кунунӣ Антонис Самараси муҳофизакор тақрибан 4 дарсад пеш аст.

Интихоботи зудраси порламонӣ барои он дар Юнон баргузор мешавад, ки дар ин кишвар дар се давраи райдиҳӣ натавонистанд раиси ҷумҳурро интихоб кунанд. Дар чунин ҳолатҳо тибқи қонун порламон пароканда ва интихоботи зудрас баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG