Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама аз Арабистони Саъудӣ боздид мекунад


Барак Обама
Барак Обама

Кохи сафеди Амрико мегӯяд, ки Барак Обама-раиси ҷумҳури ин кишвар 27 январ ба Арабистони Саъудӣ сафар ва бо шоҳ Салмон-раҳбари нави Саъудӣдидор ва гуфтугӯ мекунад. Барои анҷоми ин сафар Обама як рӯз боздиди серӯзаи худ аз Ҳиндустонро кам мекунад.

Ин хабар дар ҳоле пахш шудааст, ки намояндагони боломақом ва раҳбарони кишварҳои ҷаҳон баъд аз як рӯзи дафни Абдулло-шоҳи Арабистони Саъудӣ вориди ин кишвар мешаванд, то таслияти худро ба шоҳ Салмон-раҳбари нави ин кишвар баён кунанд.

23 январ раҳбарони кишварҳои Халиҷи Форс ва раҳбарони кишварҳои дигар, аз ҷумла Реҷеп Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия, Навоз Шариф-нахуствазири Покистон дар миёни меҳмонон ва раҳбарон дар масҷиди Имом Туркӣ бин Абдуллоҳ дар шаҳри Риёз ҳузур ёфтанд.

Шоми ҳамон рӯз садҳо нафар шаҳрвандони Саъудӣ ба қасри шоҳ ворид шуданд, то ба таври рамзӣ вафодориву садоқати худро аз Шоҳ Салмон-раҳбари нави 79 солаи ин кишвар ва ба валиаҳд Муқрин иброз доранд. Муқрин баъд аз Салмони 79 сола шоҳи навбатии ин кишвар хоҳад буд ва 69 сола аст.

Маҳмуд Аббос-раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин, Наҷиб Разоқ-нахуствазири Малайзия ва Фуъод Маъсум-раиси ҷумҳури Ироқ баъдтар барои расондани таслият вориди Арабистони Саъудӣ шуданд.

Раҳбарони кишварҳои ғайримусулмоннишин дар давоми рӯзи 24 январ вориди Риёз шуданд. Дэвид Камерон-нахуствазири Бритониё, Чарлз-шоҳзодаи Бритониё, Франсуа Олланд-раиси ҷумҳури Фаронса, Дмитрий медведев-нахуствазири Русия, Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳури Афғонистон бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури пешин, Ҷавод Зариф-вазири корҳои хориҷаи Эрон, шоҳони Ҳолланду Шветсия аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд.

XS
SM
MD
LG