Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Водии Фарғона -- бомбаи соатӣ ё дили дардманди Осиёи Марказӣ?


Қариб 30 сол ба ин сӯ водии Фарғона -- минтақае, ки Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистонро ба ҳам мепайвандад дар маркази диққати пажӯҳишгарони Ғарбу Шарқ аст ва барои он ояндаи душвореро пешгӯӣ мекунанд.

Дар водии Фарғона фоҷиаи бузурге сар зад ва созмонҳои ҷаҳонӣ якҷо бо ҳарбиёну пизишкон ва наҷотбахшон ба мадади мардуми он шитофтанд. Ин сужаи тамрин ё “бозии шабеҳсозӣ”-ест, ки “Фарғона дар соли 2035” ном дошта, моҳи ноябри гузашта аз тарафи Донишгоҳи Кинги Лондон таҳия шуд. Муаллифони тарҳе, ки ба бозиҳои компютерӣ монанд аст, намегӯянд, фалокат башарист ё табиӣ ва чаро маҳз дар Фарғона иттифоқ меафтад. Онҳо Фарғонаро намунаи барҷастаи қаламравҳои осебпазири ҷаҳон мешуморанд ва зимни шарҳи қоидаҳои "бозӣ" дар бораи он донистаниҳои зиёд нашр мекунанд.

Фарғона минтақаест, ки миёни Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон се бахш шудааст. Тоҷикистон бо Хуҷанду Исфара дарвозаи танги водиро дар даст дорад, Ӯзбакистон бо Намангону Андиҷону Хуқанд “шикам” ё наздики 90 дарсади водиро ва Қирғизистонбо Уш ва Ҷалолобод соҳиби баландиҳои стратегии қисмати шарқии он аст.

Дар бораи ин водии сарсабз дар ду даҳаи охир, ба камтарин шумориш, наздики 50 китоб ва садҳо реферату мақола нашр шуда, ин сарзамин дар онҳо “меҳвар”, “дил”, “сутунмӯҳра”, “бомбаи соатӣ”, “полигон”, “саҳна” ва “нуқтаи доғ”-и Осиёи Марказӣ ном гирифтааст. Дар ин матолиб аз як сӯ зарурати ёрии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамкории кишварҳои минтақа барои рушди “қаламрави ҳассос” зикр шуда, аз сӯи дигар эҳтимоли таркиши иҷтимоӣ, ошӯбу ноамнӣ ва ҷанги ваҳшатангези Фарғона пешгӯӣ мешавад.

Яке аз раҳбарони пешини ҲИӮ Тоҳир Юлдош баъд аз ишғоли бинои ҳукумат дар Намангон дар соли 1991.
Яке аз раҳбарони пешини ҲИӮ Тоҳир Юлдош баъд аз ишғоли бинои ҳукумат дар Намангон дар соли 1991.

Теддӣ Донеллӣ, сарҳанги артиши Амрико, устоди Коллеҷи ҳарбии ИМА менависад, водии Фарғона баъд аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон метавонад ба як Покистони нав, яъне пойгоҳи тундгароӣ ва терроризм, табдил ёбад. Ба ақидаи ӯ, Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон, ки 25 сол пеш аз ҳамин водӣ бархостааст, пас аз рафтани НАТО аз Афғонистон талош хоҳад кард, ки аз нав дар он ҷои пой пайдо кунад.

Таҳлилгарони дигар бе ҳадс задани “муаллифи нооромиҳо” низ зикр мекунанд, ки барангехтани низоъ дар водии Фарғона хеле осон аст. Ихтилофоти қавмӣ, зичии аҳолӣ (11 миллион нафар дар 22 000 километри мураббаъ), камбуди замину об, осори низоъҳои гузашта, диндории шадиди аҳолӣ, фишори ҳукуматҳо ва хадамоти амниятӣ, мушкилоти марзӣ, қочоқи мол ва маводи мухаддир сабаб мешаванд, ки аз ягон ҳодисаи назарногир бузургтарин сӯхтор бархезад.

20-уми январи соли равон Гурӯҳи Байнулмиллии Бӯҳроншиносӣ гузоришеро нашр кард, ки бино бар он ҷиҳодиёни Сурия аз шумори зодагони Осиёи Марказӣ метавонанд бо истифода аз камбудиҳои ҷиддии давлатҳои ин минтақа ва таҷрибаи ҳарбии худ вазъро дар ин ҷо баҳам зананд. Сарҳанг Донеллӣ бар ин аст, ки водии Фарғона ба хотири ҳифзи эътидоли он “бояд дар ҳама гуна стратегияҳои ояндаи Иёлоти Муттаҳида мавқеи марказӣ касб кунанд”.

Дагӣ Дагиев
Дагӣ Дагиев

Донишманди тоҷики муқими Лондон, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, Дагӣ Дагиев, мегӯяд, чандин омил водии Фарғонаро ба меҳвари пажӯҳишҳову ҳушдорҳо табдил додаанд: “Аввалан, таърихи печидаи ин минтақаи ҳосилхез қавмҳои гуногунро ба ҳам овард. Омадани туркҳо ба ин сарзамини мардуми эронинажод, марзбандии ноодилонаи сталиинӣ ва сипас фурӯпошии Шӯравӣ мардуми онро дар ҳоли душворе гузошт. Ҳоло се кишвар дар марҳалаи гузаришанд, Ӯзбакистон ва Тоҷикистон ғайри демократӣ ва Қирғизистон дар ин замина каме пешрафта аст. Фасодкории мақомот бар замми сахтии рӯзгор як маъюсӣ ва ноумедиро ба бор овардаанд ва мардуми бенаворо бо умеди рӯзгори беҳтар асири ақоиду хаёлоти тундравон мегардонанд.”

Ба ақидаи коршиноси мустақили тоҷик Маҳдии Собир, ончӣ минтақаро барои пажӯҳишгарони хориҷӣ ҷолиб мекунад, пойбандии сахти аҳолӣ ба ислом аст, ки бо тамоми фишору поккориҳои Шӯравӣ аз байн нарафт: “Мардум пинҳонӣ ҳам бошад, маросимхои исломиро ба анҷом мерасонданд. Ва хеле аз донишмандон ин ҷо дар мадрасаҳои пинҳонӣ таълим мегирифтанд.”

Бисёриҳо бо шунидани номи ин сарзамин аз ошӯби зидди туркҳои месхетии Фарғона дар соли 1989, низои ӯзбакҳову қирғизҳо дар Уш дар соли 1990, ҳамлаи ҲИӮ ба Бодканд дар соли 1999, шӯриши Андиҷон дар соли 2005, даргириҳои Ҷалолобод ва Уш дар соли 2010-ро ба хотир меоранд. Соли 1991 яке аз раҳбарони ҷунбиши исломӣ Тоҳир Юлдош номзади раёсатҷумҳурии Ӯзбакистон Ислом Каримовро ба зону нишонда, ваъдаи ӯро барои ҳуқуқи мусулмонон гирифта буд.

Даниил Кислов
Даниил Кислов

Каримов баъд аз пирӯзияш ин гурӯҳҳоро аз кишвараш ронд. Бахше аз онҳо ба Тоҷикистон омад ва дар ҷанги ин кишвар ширкат кард. Сипас ба Афғонистону Покистон рафтанд. Аз он ҷо ба Фаластину Ироқу Сурия. Ба ақидаи сардабири торнамои Фергана.ру Даниил Кислов, ҳоло дар водии Фарғона низоми сахти сиёсии Каримов ҷорӣ шудааст: “Дар водии Фарғона, ба фарқ аз Рашт дар Тоҷикистон, барои намуна, ҳама чиз шаффоф ва ҳама чиз зери назари СНБ (хадамоти амнияти Ӯзбакистон) аст. Ҳамаи масҷидҳо зери назоратанд. Исломгароёни ҳақиқӣ дар он ҷо ангуштшуморанд.”

Солҳои 1999 ва 2000 гурӯҳе аз аъзои ҲИУ хостанд, ба воситаи ағбаи Зардолу ва Тандкули Қирғизистон вориди Фарғона шуданд ва се моҳ дар ин ҷо монданд. Маҳдии Собир мегӯяд, дар ин давра бархе аз доираҳои Русия ба сарвари ҲИУ Ҷумъаи Намангонӣ кӯмак мекарданд, то “андешаи ғарбгароиро аз сари Тошканд дур кунанд”.

Ошӯби қирғизҳо зидди ӯзбакҳо дар Уш ва Ҷалолобод дар соли 2010 ва задухӯрдҳо дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон дар соли 2014 исботи ин назари таҳлилгаронанд, ки барангехтани оташ дар водии Фарғона кори чандон душвор нест.

Ин рӯйдодҳо диққати сиёсатшиносони Ғарбро ба худ кашидааст. Дагӣ Дагиев ин онҳоро аз рӯйи омилҳои таваҷҷӯҳашон ба Фарғона се даста медонад: “Якум, онҳое ки воқеан меомӯзанду мехоҳанд, ҳақиқати минтақаро арзёбӣ кунанд. Дувум, онҳое, ки фармоиши стратегии ҳукуматҳо ва ниҳодҳои муайяни кишварҳои худро анҷом медиҳанд, ки орӣ аз ғаразу манфиатҷӯиҳои муайян нест ва савум, онҳое, ки фикр мекунанд, ноамниҳои Фарғона бозорашонро гарм хоҳад кард.”

Ба қавли устоди Донишгоҳи Кембриҷи Бритониё, доктор Ширин Акинер таваҷҷӯҳ ба Фарғона аз он ҷо маншаъ мегирад, ки пеш аз ҳама ёфтани ин минтақа дар харитаи ҷуғрофӣ осон аст. Аммо асли матлаб он аст, ки аз нигоҳи пажӯҳишгарон эҳтимоли низоъ дар чунин сарзамини сераҳолӣ ва он ҳам намояндагони қавмҳои гуногун хеле зиёд аст. Хонуми Акинер меафзояд: “Созмонҳои зиёди ғайридавлатии пешгирӣ аз низоъ ё ҳалли низоъ барои таҳқиқи вазъ дар ин ҷо грантҳои зиёд мегиранд ва бояд ин харҷҳои худро асоснок кунанд. Онҳо бар инанд, ки имконияти низоъ дар ин ҷо хеле зиёд аст, дар ҳоле ки чунин нест ва ҳамаи низоъҳои сарзада зуд ҳал мешаванд. Барои намуна, Ӯзбакистон дар рӯйдодҳои соли 2010 хештандории зиёд нишон дод ва барои дифоъ аз ӯзбактаборон ба Қирғизистон нерӯ нафиристод, балки бо ёрии созмонҳои байнулмилал ба ҳалли мушкил талош намуд.”

Сабаби сармоягузориҳои бузурги омӯзиши водии Фарғонаро ҳамсӯҳбати мо ба рақобатҳои бузурги геополитикӣ бастагӣ медиҳад: “Баъзе афрод, баъзе сохторҳо дар Ғарб фикр мекунанд, ки баъд аз Афғонистон чӣ минтақае “баъдӣ” буда метавонад, ки он ҷо пойгоҳ бояд дошт, то аз низоъҳои оянда пешгирӣ кард. Онҳо ба водии Фарғона менигаранд. Махсусан, ки будан дар ин ҷо русҳоро безобита хоҳад кард ва ҳам Чинро аз густариш ба ин самт нигоҳ хоҳад дошт. Яъне як тиру чанд нишон.”

Аммо хонуми Акинер эҳтимоли ҳузури Ғарбро бо баҳонаи Фарғона рад мекунад ва меафзояд чунин ақида густариши зиёд надорад, магар

Меҳдии Собир
Меҳдии Собир

ниҳодҳои низоъшиносӣ ва пешгирӣ аз муноқишаҳо аз пашша фил месозанд. Сардабири Фергана.ру Даниил Кислов мегӯяд, “нооромӣ дар Фарғона танҳо дар ҳоли сустии ногаҳонии ҳукумат, фаразан бо даргузашти Ислом Каримов метавонад иттифоқ афтад”. Ва коршиноси тоҷик Маҳдии Собир меафзояд: “Ояндаи ин водӣ ба он бастагӣ хоҳад дошт, ки Ӯзбакистон ба самти Русия меравад ва ё ба оғӯши Ғарб. Агар Тошканд роҳи дувумро интихоб кунад, Фарғона дар хатар хоҳад афтод. Баъд аз рӯйдодҳои Украина ман ба ин шакке надорам.”

Ин таҳлилгар сенарияи дувуми фоҷиаи ояндаи Фарғонаро низ аз эҳтимол дур намедонад, ки ҷиҳодиёни Сурия -- зодагони Осиёи Марказӣ дар сурати торумор шудани гурӯҳи Давлати Исломӣ метавонанд ба ватан баргарданд ва ҳам тундравон дар Афғонистон дар талоши ноором кардани марзи Тоҷикистону Афғонистон афтанд. Ва сарҳанг Донеллӣ бар ин аст, ки дар ҳолат ҳамаи талошҳои 15-солаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Афғонистон нақше бар об хоҳанд шуд.

Каримов дар Намагон, 9 декабри соли 1991
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:53 0:00

XS
SM
MD
LG