Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашраф Ғанӣ аз Туркманистон боздид кард


Ашраф Ғанӣ
Ашраф Ғанӣ

Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳури Афғонистон 22 январ боздиди расмии дурӯзааш аз Туркманистонро ба поён расонд. Дафтари матбуотиии раёсати ҷумҳурии Туркманистон мегӯяд, ки Ашраф Ғанӣ дар Ашқобод бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадиев-раиси ҷумҳури Туркманистон мулоқот кард.

Бино ба хабари ин манбаъ, ҷонибҳо сохтмони лулаи гази Туркманистон-Ҳиндустонро тавассути Афғонистону Покистон баррасӣ карданд.

Онҳо ҳамчунин сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон ва имкони интиқоли бештари барқ аз Туркманистон ба Афғонистонро ба баррасӣ гирифтанд.

XS
SM
MD
LG