Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришгари вижаи СММ ба Қазоқистон меравад


Майна Киаӣ
Майна Киаӣ

Майна Киаӣ-гузоришгари вижаи СММ барои арзёбии ҳуқуқи шаҳрвандон ба баргузории ҳамоишҳои озодонаи сулҳҷӯёна ва ташкили созмонҳо дар кишвар рӯзҳои 19-27 январ аз Қазоқистон боздид мекунад.

Дар хабари матбуотие, ки намояндагии СММ дар Қазоқистон мунташир сохтааст, ин нахустин боздиди як коршиноси мустақил аз ин кишвар аст, ки бар асоси қатъномаи СММ роҷеъ ба ҳуқуқи инсон сурат мегирад.

Киаи гуфтааст, ҳақи баргузории ҳамоишҳои сулҳомез ва ҳақи ташкили созмон аз омилҳои муҳими демократия ва рушд аст, ки ҳар кишвар бояд ба он эҳтиром гузорад ва аз он ҳимоят кунад.

Гузоришгари вижаи СММ аз шаҳрҳои Остонаву Алмаато, Оқтав ва Жаноазен боздид мекунад ва гузориши ниҳоии худро роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар дар Қазоқистон дар иҷлоси Шӯрои ҳуқуқи башари СММ пешниҳод мекунад.

XS
SM
MD
LG