Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонони қирғиз як узбакро маҷруҳ карданд


Марзбонони Қирғизистон як шикорчии шаҳрванди Узбакистонро дар қаламрави кишвари худ бо зарби тир маҷруҳ кардаанд.

Дафтари матбуотии Хадамоти марзбонии Қирғизистон 19 январ гуфт, ки марзбонони онҳо 18 январ дар ноҳияи Ала Букинск 3 шикорчии Узбакистонро ошкор намудаанд ва ба онҳо дастур додаанд, ки аслиҳаи худро ба замин гузоранд ва таслим шаванд.

Хабаргузориҳои Қирғизистон гузориш додаанд, ки шикорчиёни узбак ба сӯи марзбонон оташ кушодаанд ва дар оташи ҷавобии марзбонони қирғиз як шикорчии узбак ҷароҳат бардоштааст.

Ин шикорчии маҷруҳ дар яке аз муассисаҳои тиббии Қирғизистон муолиҷа мегирад. Ду нафари дигарро ҳангоми талоши бозгашт ва убур аз марз сарҳадбонони Узбакистон боздошт карданд.

Ин дуввумин рӯйдод дар рӯзҳои ахир аст, ки марзбонони қирғиз ба он рӯ ба рӯ мешаванд. Дар ин рӯзҳо дар наздикии марз бо Тоҷикистон ба посгоҳи марзии Қирғизистон ҳамла анҷом гирифт ва дар он як марзбон кушта да нафари дигар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG