Пайвандҳои дастрасӣ

Ятсенюк: Маскав бояд "бандитҳояш"-ро бардорад


Ятсенюк ва Меркел дар Берлин

Арсений Ятсенюк-нахуствазири Украина мегӯяд, ки бо вуҷуди созишномаи оташбаси 5 сентябри соли гузаштаи Минск Русия ҳамчунон ба шарқи Украина ниру мефиристад.

Ятсенюк аз Маскав тақозо кард, ки ба қавли худаш ”бандитҳояш”-ро аз хоки Украина фаро хонад. Вай баъд аз мулоқоташ бо Ангела Меркел-нахуствазири Олмон дар Берлин гуфт, ки Русия “нируҳояшро ба Украина фиристодааст ва ҳамоно мефиристад”. Ятсенюк афзуд, ҳамаи ин корҳо бо дастури Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия анҷом мегирад.

Меркел гуфт, созишномаи оташбаси 5 сентябр бояд пурра иҷро шавад, дар он сурат таҳримҳои зидди Русия аз миён бардошта мешавад. Аммо Русия дахолати худ ба муноқишаҳои шарқи Украинаро рад мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG