Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як генерали Русия худкушӣ кард


Мақомоти Русия мегӯянд, ки як генерали пешини нируҳои ҳавоии ин кишвар 6 январ худро овехтааст ва худкушӣ кардааст. Генерал-лейтинант Анатолий Кудрявцеви 77 сола, ки аз бемории саратон ранҷ мебурд, номае навишааст ва гуфтааст, ки дигар наметавонад ба «дарди ҷонкоҳ» тоқат кунад.

Генерал Кудрявцев панҷумин генерал аст, ки дар давоми як соли гузашта худкушӣ кард.

Пулис мегӯяд, генерали хадамоти махфӣ Виктор Гудков аз бемории ҷиддӣ рӯҳафтода шуда буд ва худро моҳи июн парронд. Генерал Борис Саплин ҳам бемори саратон буд ва моҳи март худкушӣ кард.

Мақомот мегӯянд, дарёсолор ё адмирал Вячеслав Апанасенко, вақте ки натавонист доруҳои камкунандаи дарди саратонро пайдо кунад, даст ба худкушӣ зад. Вай дар номаи худ барои маргаш вазири тандурустии Русия ва ҳукуматро гунаҳгор карда буд.

XS
SM
MD
LG