Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътибори шиносномаҳои Узбакистон дар Русия


Шиносномаи биометрии Узбакистон
Шиносномаи биометрии Узбакистон

Шиносномаи биометрии Узбакистон ҳуҷҷати ягонаест, ки шаҳрвандони ин кишвар метавонанд бо он ҳам дар дохили Узбакистон ва ҳам дар хориҷ аз он гашту гузор кунанд. Дар ин бора вазорати корҳои дохилаи ин кишвар ба матбуот хабар додааст. Ба гуфтаи ин вазорат барои сафар ба хориҷ ҳеҷ ҳуҷҷати дигар даркор нест.

Додани шиносномаи биометрӣ дар Узбакистон соли 2011 оғоз шуд ва он марҳида ба марҳила идома дорад. Аз 1 июли соли 2014 хуруҷи шаҳрвандони ин кишвар ба хориҷ танҳо бо шиносномаҳои биометрӣ анҷом мегирад. Вале барои сафар ба хориҷ бояд дар шиноснома мӯҳри хуруҷ зада шавад.

Сафорати Русия дар Тошканд гуфтааст, ки шаҳрвандони Узбакистон бо шиносномаҳои маъмулии худ низ метавонанд ба Русия сафар кунанд. Сафорат хабар дар бораи вуруди шаҳрвандони Узбакистон ба қаламрави Русия бо шиносномаи хориҷиро аз 1 январи соли 2015 хабари нодурусти расонаҳои хабарӣ арзёбӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG