Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгирии марзбонони тоҷик аз талоши қочоқ


Бино ба хабари дафтари матбуотии Ожонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон, як гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни маводи мухаддир талош кардааст ба қаламрави Тоҷикистон ворид шавад. Вале ба тирандозии марзбонони Тоҷикистон дучор шуданд ва пас баргаштаанд.

Яке аз қочоқчиён аз тири марзбонон ҷароҳат бардоштааст. Ин ҳодиса дар минтақаи марзии ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон рух додааст. Дар маҳали ҳодиса тақрибан 12 кило маводи мухаддир ва ду телефони ҳамроҳи қочоқчиён пайдо шудааст.

Қочоқгарони маводи мухаддир қаламрави Тоҷикистонро чун яке аз роҳҳои ҳамлу нақли транзитии ин мавод истифода мекунанд. Дар давоми 8 моҳи соли гузашта аз январ то сентябр ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон дар маҷмуъ 4 тонаву 417 кило маводи мухаддир мусодира кардаанд.

XS
SM
MD
LG