Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сюрприз"-и муаллимон барои ҲНИТ дар Қумсангир


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, дар толоре, ки қарор буд субҳи рӯзи 5 январ конфронси муштараки бахшҳои ҲНИТ дар ҳавзаи 33-и Қумсангин доир мешуд, ғайримунтазира гурӯҳе аз муаллимон ҷаласа баргузор карданд. Маҳмудҷон Файзраҳмон, сухангӯи ҲНИТ субҳи 5 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муалимони ноҳияи Қумсангир ғайримунтазира бидуни огоҳсозии пешакӣ дар толоре, ки як ҳафта қабл ҲНИТ иҷозаи расмӣ дарёфт карда буд, ин субҳ даромада ҷаласаи худро баргузор карданд ва меҳмонони ҲНИТ дар берун мондаанд. Вай афзуд, онҳо ба назди раиси Шӯъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳия омаданд ва ӯ гуфтааст, ки дирӯз тасмим гирифта шуд, то муаллимон ҷаласаи худро гузаронанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сухангӯи ҲНИТ, намояндаҳои онҳо тайи ду рӯз толорро аз партовҳо тоза намуда, шиорҳои интихоботӣ насб карда буданд. Вай меафзояд, ки омӯзгорон ҳамаи шиору навиштаҳои ҲНИТ-ро баркандаанд. ҲНИТ дар конфронси пешазинтихоботӣ дар ҳавзаи рақами 33, ки се ноҳияи Қумсангир, Румӣ ва Ҷомиро дар бар мегирад, номзадҳои худ ба вакилии Маҷлиси намояндагонро аз ҳавзаи якмандатӣ баррасӣ мекард ва ба ин муносибат 40 вакили худро ба ин нишаст даъват кардаааст. Маҳмудҷони Файзраҳмон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир намояндагони ҲНИТ бо масъулони ҳавзаи 33 масъалаи пешомадаро баррасӣ доранд.

XS
SM
MD
LG