Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Испания боздошти мухолифи қазоқро таъйид кард


Муратбек Кетебаев
Муратбек Кетебаев

Додгоҳи Испания боздошти яке аз шахсиятҳои мухолифони Қазоқистонро таъйид кард. Муродбек Кетебаев-бо дархости Интерпол ё пулиси байналмиллалӣ 27 декабр дар меҳмонсарои Мадрид боздошт шуд. Дархост дар бораи боздоштро ҳукумати Қазоқистон ба интерпол фиристодааст.

Додгоҳ раҳоии Кетебаеви 57 соларо бо васиқа рад кардааст ва гуфтааст, ки вай то ба поён расидани бозрасиҳо дар бораи истирдод дар зиндон хоҳад монд.

Кетебаев-яке аз ду созмондиҳандаи ҳизби мухолифи Алга ё Ба пеш мебошад. Вай соли 2011 баъд аз ташдиди фишор ба мухолифон Қазоқистонро тарк кард. Вай дар соли 2013 дар Полша мақоми паноҳандагӣ дарёфт карда буд.

Ҳукумати Қазоқистон Кетебаевро дар ғиёбаш барои иртибот бо нооромиҳои Жаноазен дар соли 2011 ва барои ба нақша гирифтани террор дар Алмаато баъд аз як соли дигараш муттаҳам медонад. Вале Кетебаев ин иттиҳомотро рад мекунад.

Кетебаевдар гузашта яке аз ҳамкорони Мухтор Аблиёзов-миллиардерҳои қазоқ аст, ки ҳоло дар фирор дар Фаронса ба сар мебарад.

XS
SM
MD
LG