Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Минск музокироти ҷудоихоҳон ва ҳукумати Украина баргузор шуд


Дар шаҳри Минск-пойтахти Беларус музокироти ҳукумати Украина бо ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия бо ду соат таъхир аз сар гирифта шуд, зеро баъзе аз ширкаткунандагони музокирот дертар аз вақти пешбинишуда ба маҳали музокирот ҳозир шуданд. Дар ин музокирот намояндагони Украинаву Русия ва ҷудоихоҳон дар паси як миз нишастанд.Дар он намояндагони САҲА низ ширкат карданд. Мулоқоти дуввуми ин гурӯҳ 26 декабр баргузор мешавад.

Дар даври ахири машваратҳои моҳи сентябри Минск оташбас эълон шуд ва ҷонибҳо дар бораи як созишномаи сулҳ гуфтугӯ карданд. Бар асоси ин созишнома ба минтақаҳои зери назорати ҷудоихоҳон барои се сол идораи худгардон дода мешавад. Вале баъд аз ин тавофуқот даргирифо идома ёфт ва дар он бештар аз 1000 нафар ба қатл расид.

23 декабр порламони Украина тасмим гирифт, ки Украина дигар кишвари ғайримуттааҳид нест ва барои даромадан ба узвияти НАТО худро омода кунад. Ин тасмимро билофосила Русия интиқод кард ва онро “ғайридӯстона” номид.

XS
SM
MD
LG