Дафтари Созмони Милал дар Афғонистон гуфт, талафот дар миёни мардуми осоишта дар Афғонистон назар ба соли гузашта 19 дар сад зиёд шудааст ва ба ҳадди рекордӣ расидааст. Дар як гузориши созмон, ки рӯзи 20-уми декабр нашр шуд, то охири моҳи ноябр дар Афғонистон 3188 нафар кушта шудаанд ва 6429 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ба гуфтаи Дафтари Созмони Милал дар Афғонистон, бори аввал аст, ки созмон ин ҳадди рекордии талафоту маҷрӯҳон дар байни мардуми осоишта дар кишварро сабт кардааст. Даргириҳо ва таркиши бомбҳои худсохт аз сабабҳои аслии талафот дар миёни аҳолӣ будааст. Теъдоди занони осебдида 14 дар сад ва теъдоди кӯдакони осебдида дар Афғонистон дар соли 2014 33 дар сад зиёд шудааст.