Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навоз Шариф мораторияи қатлро аз миён бардошт


Навоз Шариф
Навоз Шариф

Навоз Шариф-нахуствазири Покистон моратория ё манъи ҳукми қатлро дар кишвараш барои ҷиноятҳои террористӣ бекор эълон кард. Ин дар ҳолест, ки дар як ҳамлаи террористии Толибон дар шаҳри Пешовар 132 шогирди мактаб ва омӯзгорон ба қатл расиданд.

Навоз Шариф дар ин бора 17 декабр тасмим гирифт ва дар Покистон ҳоло 3 рӯз мотами миллӣ эълон шудааст. 16 декабр дар як ҳамлаи террористӣ 132 кӯдак ва 9 омӯзгори мактаб кушта шуданд. Ин 141 нафар ҳангоме ба қатл расиданд, ки тундравҳо ба як мактаби зери назари низомиён дар Пешовар ҳамла бурданд.

Ин фоҷеабортарин ҳамлаи террористӣ дар Покистон ба шумор меравад. Толибон мегӯянд, ки ин ҳамла қасосе ба амалиёти низомии артиш дар минтақа мебошад.

Навоз Шариф-нахуствазири Покистон ин ҳамларо “фоҷеаи миллӣ” номид ва аз ҳизбҳои порламонӣ хост, ки дар конфронсе дар Пешовар ҷамъ шаванд, то масъалаҳои амниятӣ дар минтақаро баррасӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG