Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳиши дигарбораи доллар дар Тоҷикистон


Бонки милии Тоҷикистон аз афзоиши дубораи қурби доллар дар баробари сомонь --пули миллии кишвар хабар дод. Дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз, 12 декабр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки давоми чанд рӯзи ахир дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби доллар баланд шуда, ба ҳисоби миёна 1 доллар ба 5 сомонив ва 49 дирам расид. Аммо кормандони нуқтаҳои фурӯши асъор мегӯянд, ки як долларро дар ивази 5 сомонӣ ва 48 дирам мехаранд ва бо панҷ сомониву 49 дирам мефурӯшанд. Ду ҳафта қабл бо мусоидати Бонки миллӣ қурби 1 доллар, ки ба 5 сомониву 60 дирам дакка хӯрда буд, коҳиш дода шуд ва ба 5 сомониву 38 дирам поин оварда шуда буд. Дар ҳоли ҳозир қурби миёнаи доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт 5 сомониву 47 дирам харида шуда, 5 сомониву 50 дирам фурӯхта мешавад. Дар нуқаҳои асъори Хуҷанд як доллар ба 5 сомониву 50 дирам баробар шудааст.

XS
SM
MD
LG