Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе "облава"-и Саидалӣ дар Панҷакентро таҳқиқ мекунад


Комиссияи вижаи вазорати дифои Тоҷикистон ба Панҷакент рафтааст, то қазияи латукӯби сокини ин ноҳия Саидалӣ Ҳақбердиев ҳини "облава"-ро, таҳқиқ кунад.

Комиссияи махсуси вазорати дифои Тоҷикистон ба баррасии рафтори кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷакент ҳини “облава”-и сокини ин ноҳия Саидалӣ Ҳақбердиев пардохтанд, ки дар таърихи 4 ноябр аз тарафи кормандони комиссариати ҳарбӣ мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифта буд.

Полковник Меҳваршо Донаёров, сардори раёсати вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 8 декабр бо тасдиқи ин ба Радиои Озодӣ гуфт, комиссияи махсуси ин вазоратхона иборат аз чаҳор нафар дар ҳоли ҳозир дар ноҳияи Панҷакент ба баррасии вазъи сокини ин ноҳия Саидалӣ Ҳақбердиев пардохтаанд, ки ҳангоми ҷалб ба хизмати ҳарбӣ, бо вай чӣ гуна рафтор шудааст.

Ҷаноби Донаёров вақте суҳбат мекард, ки онҳо дар манзили зисти Саидалӣ Ҳақбердиев қарор доштанд ва таъкид кард, ки ошноӣ бо Саидалӣ ва волидони ӯро тоза шурӯъ карданд ва аз идомаи ин масъала феълан чизе гуфта наметавонад. Полковник Меҳваршо Донаёров гуфт, ки ин иқдом бо супориши рҳбарияти вазорати дифоъ сурат гирифтааст ва бояд ин масъаларо ҳамаҷониба баррасӣ кунанд ва ба вазорат пешниҳод намоянд.

Саидалӣ Ҳақбердиев, рӯзи 4-уми ноябр аз тарафи кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия бо ҳадафи бурдан ба артиш ӯро бидуни даъватнома латукӯб шуд, ки бар асари он пардаи гӯшаш даридааст ва ӯ ду рӯз беҳушу бе ёд дар беморхона будааст. Саидалӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки афсарони комиссариати ҳарбӣ барои он ӯро задаанд, ки ба онҳо гуфтааст, “амалкарди шумо ғайриқонунист ва ҳақ надоред маро бо зӯрӣ ба артиш баред.”

Вале ҳукумати шаҳри Панҷакент, иддаоҳои волидони Саидалӣ Ҳақбердиевро рад мекунанд. Ҳукумати шаҳр рӯзи 10-уми ноябр дар як шарҳи расмӣ ба Радиои Озодӣ навишт, ки касе аз маъмурони комиссариати низомӣ бо Саидалӣ бадрафторӣ накардааст, балки ӯ худашро аз мошин берун андохта ва хостааст, аз даъват ба сафи артиш фирор кунад:

“Мувофиқи маълумоти корманди комиссариати ҳарбӣ Тошев Урунбек маълум гардид, ки даъватшаванда Ҳақбердиев Саидалӣ бинобар аз хизмат ба Ватан саркашӣ намудан, дар гардишгоҳи роҳ худро аз мошин ба берун партофтааст. Нисбати ӯ кормандони комиссариати ҳарбӣ зӯроварӣ ва лату кӯб накардаанд.»

Комиссияи ташхиси тиббии судӣ, расман сабабҳои ҷароҳат бардоштани Саидалӣ Ҳақбердиевро эълон накардааст. Дилшод Ҷӯраев, вакили дифоъ аз Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар Хуҷанд, ки Саидалиро дидааст ва ба ӯ кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад, рӯзи 19-уми ноябр дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт:

«Ба фикри шахсии ман, вақте шахс худашро аз мошин берун мепартояд, вай ҳадди аққал дар замин як ду бор чарх мезанад ва дар бадани вай осораш мемонад, мисли харошидагиву кабудӣ. Вале вақте шумо Ҳақбердиев Саидалӣ нигоҳ мекунед, дар танаш ягон чиз ва ё харошидагӣ нест.”

Гарнизони ҳарбии Хуҷанд ҳам ба баррасии қазияи латукӯби Саидалӣ Ҳақбердиев ҳангоми “облава” шурӯъ кардааст. Дилшод Ҷӯраев, вакили мудофеи Саидалӣ Ҳақбердиев ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Гарнизони ҳарбии Хуҷанд ба баррасии ҳодисаи латту кӯби Саидалӣ Ҳақбердиев шурӯъ кардааст.

Даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиши Тоҷикистон 1 октябр оғоз ёфт ва ду моҳ идома мекунад. Синну соли аскарӣ дар Тоҷикистон аз 18 то 27 сол аст, вале теъдоди ҷавононе, ки бо ихтиёри худ ба хидмат мераванд, ангуштшумор мебошад. Мақомот нақшаи даъватро ба ин далел асосан аз ҳисоби маъракаҳои дар байни мардум маъруф ба “облава” пур мекунанд. Сафарбарии иҷборӣ ба артиш ё “облава” аз масоилест, ки ҳамвора мавриди интиқоди созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар қарор доштааст.

XS
SM
MD
LG