Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идораи ҷангалбонӣ: "Силовсинро накушед, ҷазо дорад"


Силовсин, ҳайвоне аз хонадони гурбаҳои ваҳшӣ
Силовсин, ҳайвоне аз хонадони гурбаҳои ваҳшӣ

Идораи ҷангалбонии ноҳияи Айнӣ сокинонро ҳушдор додааст, то аз шикори силовсин, як ҷонвари нодир, ки ҳузураш дар деҳоти дурдаст, чашмрас шудааст, худдорӣ кунанд.

Ин ҷонвар, ки солҳо боз дар чашми сокинон нонамоён буд, дар як ҳафтаи ахир дар атрофи деҳоти дурдасти ноҳияи кӯҳистонии Айнӣ ба чашм расидааст.

Ҳикматулло Қориев, сардори Идораи ҷангали ин ноҳия ба Радиои Озодӣ гуфт, сокинон аз тарс, ки ин ҷонвар ба онҳо зарар мерасонад, ҳангоми вохӯрдан ба сӯи ин ҳайвони нодир тир мекушоянд. Ӯ мегӯяд, шумораи силовсин, ки дар “Китоби Сурх”, ҳамчун ҳайвони нодир сабт ёфтааст, дар Тоҷикистон хеле кам боқӣ мондааст.

"Сокинон хавф доранд, ки силовсин ба онҳо хатар дорад. Мо фаҳмонидем, ки ин ҷонвар ҳеҷ хатаре ба худи шумо ва чорпои шумо надорад. Ба мо хабар расида буд, ки дар чанд деҳа ба сӯи силовсинҳо тир кушодаанд, вале хушбахтона, ягон силовсин ҳалок нашудааст. Ин ҷонвар кабку харгӯш ва мушҳои бузургро шикор мекунад ва аслан дар баландкӯҳҳо гаштугузор менамояд," --гуфт, Қориев.

Сокинони деҳоти дурдасти ноҳияи Айнӣ мегӯянд, воқеан, ба чашм расидани ҳайвони монанд ба гурба, аммо хело зебо диққати онҳоро ба худ ҷалб кардааст. Раҳматулло Алиев, як сокини ин ноҳия ба Радиои Озодӣ гуфт, аксари мардум номи ин ҷонварро намедонанд, аммо аз тарси он, ки ба мурғу дигар чорпоёни онҳо зиён нарасад, аз гаштугузори он дар атрофи деҳот ҷилавгирӣ мекунанд.

Кормандони Идораи ҷангали Айнӣ мегӯянд, гаштугузори силовсин ҳам дар атрофи деҳот барояшон аҷиб аст ва ин соли аввал аст, ки ин ҷонвар аз куҳҳои баланд ба атрофи деҳот поён меояд. Онҳо бар ин назаранд, ки эҳтимол бо якбора барфпӯш шудани кӯҳҳо ин ҷонвар бе хӯрок монда бошад.

Ҳикматулло Қориев, масъули Идораи ҷангали Айнӣ мегӯяд, шумораи силовсин дар парваришгоҳи Искандаркӯл хеле кам боқӣ монда буд, амммо барои сокинон чашмрас шудани он аз афзоиши теъдоди ин ҷонвар гувоҳӣ медиҳад.

Силовсин, аз ҷонварони оилаи гурбашаклҳо буда, аз 10 то 30 килограм вазн дорад. Дар Тоҷикистон ин ҷонвар дар баландкӯҳҳои Бадахшон ва Айнӣ ба назар мерасад. Дар гузашта ба хотири пӯсташ ин ҷонвар зиёд шикор мешуд, аммо ҳоло масъулон мегӯянд, шикори бераҳмонаи он аз миён рафтааст, зеро барои шикори як силовсин қонунгузории Тоҷикистон то 30 ҳазор сомонӣ наздики 6 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG