Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Бошқирдистон сафири Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт


Раисиҷумҳури Бошқирдистон Рустам Ҳамидов сафири Тоҷикистон дар Маскав Имомуддин Сатторовро ба ҳузур пазируфт.

Ба иттилои Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Бошқирдистон дар шаҳри Уфа масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳо миёни ду ҷумҳурӣ дар бахшҳои гуногун, қабл аз ҳама, дар бахши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, кишоварзӣ, содироти маводи сӯхт аз Бошқирдистон ба Тоҷикистон ва ҳамоҳангсозии равандҳои муҳоҷирати корӣ баррасӣ шуд.

Рустам Ҳамидов аз сафари худ ба Душанбе дар рӯзҳои нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ёдовар шуд ва гуфт, ки ҷаласаи навбатии раҳбарони ин ниҳод моҳи июли соли оянда дар Уфа баргузор мешавад.

Имомуддин Сатторов аз мақомоти Бошқирдистон хост, ки барои дар шаҳри Уфа бунёд кардани бинои Маркази фарҳангиву тиҷоратии тоҷикон замин ҷудо кунанд. Раисиҷумҳури Бошқирдистон дархости сафири Тоҷикистонро пазируфт.

XS
SM
MD
LG