Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои НАТО Русияро маҳкум карданд


Кишварҳои узви НАТО Маскавро барои “барҳам задани суботи вазъ дар шарқи Украина” ва барои ҳузури низомиаш дар Қрим маҳкум карданд.

Вазирони умури хориҷаи 28 кишвари узви паймони НАТО дар Бруссел баъд аз мулоқоти худ дар эъломияе гуфтанд, ки “онҳо ҳамчунин аз нақшаҳои эълонкардаи Русия дар бораи ҳузури бештари низомиаш дар Баҳри Сиёҳ нигаронанд”.

Вазирон дар мулоқоти худ ташкили нируҳои муваққатии вокуниши сареъро баррасӣ карданд ва ин нируҳо бояд то соли соли 2015 омода шаванд. Онҳо ҳамчунин ба тавофуқ расиданд, ки нируҳои НАТО ҳузури худро дар қаламраҳои шарқии ҳудуди ин паймон идома диҳанд.

Интизор меравад, ки барои таҷдиди таҷҳизоти низомии артиши Украина як бунёд ташкил диҳанд, то ба Украина кӯмаки молӣ кунад.

Ба мулоқоти вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои НАТО Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ-раиси иҷроии Афғонистон низ ҳамроҳ шуданд. Вазирон масъалаи омӯзиш додани нируҳои Афғонистон ва ташкили ниҳоди машваратӣ ё мушовирон дар Афғонистонро баррсӣ карданд.

XS
SM
MD
LG