Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зану писари Бағдодиро дар Лубнон боздошт карданд


Абубакр Бағдодӣ
Абубакр Бағдодӣ

Мақомоти амниятии Лубнон мегӯянд, ки артиши ин кишвар зану писари Абубакр Бағдодӣ-раҳбари гурӯҳи тундрави Давлати Исломиро боздошт кардааст. Мақомоте, ки дар ин бора 2 декабр хабар додаанд, дар бораи миллати зани Бағдодӣ тавзеҳот надодаанд ва танҳо гуфтаанд, ки яке аз занҳои вай боздошт шудааст.

Бино ба ин хабари ин манбаъ, зану яке аз писарони Бағдодӣ ҳангоми гузаштан аз марзи Сурия ба Лубнон боздошт шудаанд. Рӯзномаи “Ас-Сафир”-и Лубнон навиштааст, ки ин ду нафарро дар ҳамоҳангӣ бо “ниҳодҳои кашфи хориҷӣ” дастгир кардаанд.

Тундравҳои Давлати Исломӣ дар Сурияву Ироқ манотиқи зиёдро ба тасарруфи худ даровардаанд ва бо ҳамлаҳои бераҳмонаву кушторҳо ном баровардаанд. Чунин ҳолат Амрикоро водор кард, ки бар зидди тундравҳо ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом диҳад.

Тундравҳо як навори савтӣ ё аудиоии Бағдодиро нашр кардаанд. Моҳи гузашта пеш аз ин навор гузоришҳое пахш шуд, ки Бағдодӣ дар як ҳамлаи ҳавоӣ ҷароҳат бардоштааст.

XS
SM
MD
LG