Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 Видео: Ғалатӣ Баротова, ҳамсояҳо ва $ 25000 барои муҷозоти бадхоҳон


Узви ҲНИТ аз рустои Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, ки исмаш дар як видеои бадномкунанда зикр шудааст, хонаашро ба гарав монда, мехоҳад бадномгаронашро ошкор кунад ва ба ҷавобгарӣ кашад.

Узви ҲНИТ аз рустои Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, ки исмаш дар як видеои бадномкунандаи фаҳш зикр шудааст, хонаашро ба гарав монда, мехоҳад бадномкунандаҳояшро пайдо ва ба ҷавобгарӣ кашад.

Ғалатӣ Баротоваи 50-сола дар як сӯҳбати видеоӣ аз маҳалли зисташ – рустои Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз шиддати шарму ҳаё ва иттиҳоми нангине, ки ба сараш бор шудааст, ҳоло дигар сарашро бардошта наметавонад. Ӯ аз ғояти тӯҳмати ногаҳоние, ки ба сараш бор шудааст, зери фишори фарзандону хешу наздикон ҳам қарор дорад, ки аз ӯ талаб доранд, номи некашро барқарор кунад.

Рӯзи 19 ноябр дар Интернет зери тамғаи телевизиони “Нури наҳзат” наворе пайдо шуд, ки дар он зане бо як марди чеҳрааш пардапӯш ишқварзӣ мекунад. Ин занро наттоқ ҳамчун узви ҲНИТ ва шӯрои олии ин ҳизб Ғалатӣ Баротова муаррифӣ карда, рафтори ба қавли муаллифони барнома ғайриахлоқии ин занро ба боди танқид кашидааст. Ғалатӣ Баротова, ки аз дидани ин навори видеоӣ афсурда ва дар ғазаб шудааст, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, қаҳрамони ин навор ӯ нест ва тамоми гуфтаҳо дар борааш тӯҳмату бӯҳтон аст. Вай мегӯяд, ҳадафи ташкилкунандагони ин сабту барнома баднома кардани ҲНИТ дар пешорӯи интихоботи порлумонии соли 2015 аст.

Айни замон, ҳамдеҳаву ҳамсояҳои Ғалатӣ Баротова дар сӯҳбати видеоӣ бо Озодӣ аз обрӯи ин хонум ҳимоят ва аз ӯ ба ҳайси як зани покдоману худотарс ёд карданд.

Дар сӯҳбати рӯзи 24 ноябраш бо радиои Озодӣ Ғалатӣ Баротова гуфт, дар ин навор зани рӯймолбасаре, ки даст ба дуо мекушояд, дар ҳақиқат худи ӯст, вале "ҳар кас метавонад ба осонӣ муқоиса кунад ва бубинад, ки сурату суроби ман аз он зане ки бо он мард ишқварзӣ мекунад, хеле фарқ дорад." Вай гуфт, “Ман мехоҳам бигӯям, ки дар ин навор ман сабт нашудаам. Ин кадом зани дигарест, ки ҷавонтар аз ман аст. Лаънат ба онҳое, ки чунин тӯҳматро дар нисбати ман ва исми ман раво дидаанд.” Ба думболи пахши ин навор занҳои узви ҲНИТ бо ҳадафи ташхиси дурустии сабт бадани ин занро муоина кардаанд. Ғалатӣ Баротова, мегӯяд, дар навор “зани ҷавонтар”-е сабт шудааст, ки танаш ба гуфти ӯ, “мисли шир сап-сафед аст”.

“Ман як зани 51-сола ва инсони касалмандам ва дар тани ман ҳам, модоме дар ин бора сухан меравад, ҳадди ақал 6 осори ҷарроҳӣ дида мешавад. Зане, ки дар навор омадааст, як зани бечораи бегонаи дигар аст ва хеле ҷавонтару зеботар аз ман аст. Инро хонумҳои ҳизб ҳам диданд.”- гуфт Ғалатӣ Баротова.

Навори саҳнаи ишқварзии хонуми зоҳиран 45-50 солае, ки ба таври пинҳонӣ сабт шудааст, ҳафтаи гузашта ба шабакаҳои иҷтимоии Ютюб ва Фейсбук роҳ ёфт. ​ Ровии наворҳои фаҳше, ки таҳти тамғаи “Нури наҳзат” нашр мешаванд, худро намояндаи ҲНИТ ва ҳадафи навобардориро поксозии суфуфи ҳизб аз афроди тасодуфӣ дар остонаи интихоботи порлумонии соли 2015 унвон кардааст. Ӯ мегӯяд, ки ӯё дар ин ҳизб ба раҳбарии муовини раисаш Муҳаммадалии Ҳайит гурӯҳи вижае амал мекунад, ки аъзои бадахлоқи ин ҳизби мухолифро рӯи об мебарорад. Иддаое, ки дар ҲНИТ рад мекунанд ва мегӯянд, ҳеҷ гуна гурӯҳи вижа ба раҳбарии оқои Ҳайит вуҷуд надорад ва ин ҳама идомаи “дурӯғпароканӣ”-ҳои зидди ин ҳизби сиёсист.

Аз ин пеш дар телевизиони давлатии Тоҷикистон чанд гузориши видеоие пахш шуд, ки равобити ғайришаръии баъзе аъзои ҲНИТ-ро фош ва мавриди интиқод қарор дод. Охирин чунин маврид моҳи августи имсол буд, ки дар наворе бо исми "Муллое аз Лолазор" дар бораи дастдарозии як муллои узви ҲНИТ ба номуси духатарандараш гузориш медод.

Пахши навори саҳнаи ишқварзии як зани тоҷик дар Интернет ин нигарониҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст, ки гурӯҳҳои рақиб барои бадном кардани якдигар дигар ягон ҳадду ҳудудро намешиносанд ва аз ҳеҷ усуле парҳез намекунанд. Ҳоло баъзе коргарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин суолро мегузоранд, ки агар вуруд ба ҳарими хусусии инсонҳо дар Тоҷикистон қонуншиканӣ бошад, пас мақомоти ҳифзи тартибот бояд ин гурӯҳро ошкор кунанд ва ба ҷавобгарӣ бикашанд.

XS
SM
MD
LG