Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар сабқати интихоботии Молдова ҳизбҳои ғарбгаро пешсафанд


Ҳизбҳои ғарбгарои Молдова дар интихоботи парлумонӣ пешсафанд. Дар ҳамин ҳол, ба пояи натоиҷи пешакии интихоботи рӯзи якшанбе, 30 ноябр, ягон ҳизб тавони бидуни эътилоф бо дигар аҳзоб ташкил кардани ҳукуматро надорад.

Баъд аз баршумурдани 87 дар сади раъйҳо, Комиссиюни марказии интихоботии Молдова рӯзи душанбе, 1 декабр хабар дод, ки се ҳизби ҷонибдорӣ ҳамоиш бо Иттиҳодияи Аврупо – ҳизби либерал-демократӣ, ҳизби демократ ва ҳизби либералӣ дар маҷмӯъ 44 дар сади раъйҳоро соҳиб шудаанд. Ду ҳизби русгаро - ҳизби сотсиалистӣ, ки дар сабқати интихоботӣ бо дарёфти 22 дар сади овозҳо дар мақоми аввал аст ва ҳизби коммунист дар маҷмӯъ 40 дар сади раъйҳоро ба даст овардаанд.

Дар овоздиҳӣ тақрибан 56 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй ширкат доштанд.

Ҳукумати Молдова имсол созиши ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро имзо кард ва аз ҳаққи равуои бидуни раводид бо кишварҳои аврупоӣ бархӯрдор шуд. Ҳамзамон Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ки аз сатҳи баланди фасод дар Молдова нигарон аст.

Русия содироти тавлидоти кишоварзӣ аз Молдоваро манъ карда, ба иқтисоди Кишинев зарбаи ҷиддӣ задааст.

XS
SM
MD
LG