Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина гуфт, Русия корашро бас накардааст


Украина дигарбора иддао кард, ки Русия барои кӯмак ба ҷудоихоҳон дар шарқи он кишвар аслиҳаи вазнин фиристодааст. Евҳен Перебенис, сухангӯи вазорати умури хориҷии Украина гуфт, ки рӯзи 24-уми ноябр 5 корвони мошини силоҳҳои вазнинро ҳангоми вуруд аз Русия мушоҳида кардаанд. Ӯ афзуд, ки дар маҷмӯъ 85 мошин дар 5 корвони алоҳида аз гузаргоҳи марзии Изварине ба Украина гузаштаанд. Евҳен Перебенис, рӯзи 25-уми август ба хабарнигорон гуфт: “Русия ҳамчунон ба гурӯҳҳои террористӣ дар ҷумҳуриҳоии мардумии Донетск ва Луҳанск бо аслиҳаи вазнин кӯмак мекунад.” Ба қавли сухангӯи вазорати умури хориҷии Украина дар даргириҳои пароканда, ки ба рағми созиши оташбаси рӯзи 5-уми сентябр идома доранд, дар 24 соати гузашта 1 сарбози украинӣ кушта шудааст ва 5 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар муноқишаи 5 моҳа дар шарқи Украина ба гуфтаи Созмони Милал 4 300 нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG