Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши мавориди талоқ дар Тоҷикистон


Тибқи иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон мавориди талоқ дар соли ҷорӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 19 дар сад афзоиш ёфтааст. Бино ба иттилои Оҷонсии омори назди президенти Тоҷикистон, шумораи талоқҳои сабтшуда дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 6845 ададро ташкил карда, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1077 талоқ ё 18,7 дар сад зиёд аст. Тибқи ин гузориш, афзоиши шумораи бақайдгирифташудаи талоқ ба ҷуз вилояти Бадахшон, дар ҳамаи минтақаҳои дигари кишвар ба назар мерасад. Ба ин тартиб, мизони талоқ дар вилояти Суғд 18,7 дар сад, Хатлон 12,2 дар сад, Душанбе 13,9 ва дар ноҳияҳои тобеи марказ 30,9 дар сад будааст. Аммо ба гуфтаи масъулони Оҷонсии омор, дар вилояти Бадахшон шумораи талоқҳои бақайдгирифта 4,5 дар сад кам шуда, 64 ададро ташкил додааст. Мутахассисон сабаби кам будани талоқ дар Бадахшонро ба кам будани мавориди хушунат дар хонаводаҳо ва набуди издивоҷи маҷбурӣ рабт медиҳад. Афзоиши шумораи талоқҳо дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки
мавориди никоҳ миёни ҷавонон низ дар ҳоли афзоиш аст. Зеро тибқи гузориши Оҷонсии омори Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ шумораи никоҳ дар кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2, 9 дар сад афзоиш ёфта ва 66,5 ҳазор ҷуфтро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG