Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъмури пулис гумонбар дар фурӯши силоҳ


Як корманди вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба гумони қочоқи силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ боздошт гардидааст. Масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 25 ноябр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар пайи амалиёти фаврӣ – ҷустуҷӯии кормандони раёсати амнияти дохилии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар таърихи 19 ноябр Анваршо Бекназаров, сардори шӯъбачаи раёсати таъминоти техникиву модӣ ва низомии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастгир шуд. Ба гуфтаи ин масъулон, ҷаноби Бекназаров ба ҳангоми фурӯши яроқ дастгир шуда ва аз ҷои зисти вай 5 адад туфангча, 3 адад милтиқҳои гуногун, 634 адад тирҳои гуногун, 6 адад тирдон, 1 адад дурбин ва 1 адад найза дарёфт ва мусодира шуд. Ба гуфтаи манбаэ, нисбати ин ҳодиса аз тарафи Додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, Анваршо Бекназаров, ба ҳабси пешакӣ гирифта ва таҳқиқ ҷараён дорад.

XS
SM
MD
LG