Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама фармони махфиро дар бораи амалиёт имзо кард


Барак Обама
Барак Обама

Бино ба гузориши рӯзномаи “New York Times”, Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико барои як соли дигар амалиёти низомии нируҳои Амрико дар Афғонистонро тамдид кард. Вай дар ҳамин ҳафтаҳо дар ин бора фармонеро ба имзо расондааст.

То ҳол Обама мегуфт, ки то поёни соли 2014 нируҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон амалиёти низомии худро қатъ хоҳанд кард. Идомаи ҳузузри нируҳои НАТО дар Афғонистон аз 1 январи соли 2015 оғоз меёбад ва дар таркиби ин паймон 9 800 нафар низомиён аз Амрико ва 3 000 низомӣ аз Олмону Италия ва кишварҳои дигари узви НАТО дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд.

Онҳо бештар аз нируҳои Афғонистон ҳимоят мекунанд. Рӯзномаи “New York Times” дар шумораи 22 ноябр гузориш додааст, ки ин фармони Обама ба нируҳои Амрико иҷоза медиҳад,то онҳо амалиёти низомиро бар зидди тундравҳо, аз ҷумла бар зидди Толибон, идома диҳанд, агар онҳо ба ҳукумати Афғонистон хатаре эҷод кунанд.

Ин фармон ҳамчунин иҷоза медиҳад, ки нируҳои Амрико ба нируҳои Афғонистон дар амалиёт аз ҳаво кӯмак кунанд.

XS
SM
MD
LG