Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси масъалаи чарогоҳҳо бо Бишкек


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Олим Раҳимов-сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон ҳали масъалаҳои баҳсбарангези истифодаи чарогоҳҳои миёни Тоҷикистону Қирғизистонро амри зарурӣ дар муносиботи миёни ду кишвар медонад.

Ин дар ҳолест, ки чунин чарогоҳҳои баҳсбарангез дар минтақаҳои марзии байни ноҳияҳои Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон борҳо боиси баҳс ва ҳатто моҷарои сокинони ду тарафи марз шудааст. Ҷониби Қирғизистон мехоҳад дар ивази маблағе ба ҷониби Тоҷикистон чарогоҳҳои худро иҷора диҳад. Вале Тоҷикистон ба ин пешниҳод розӣ нест.

Оқои Раҳимов мегӯяд, дар вазорати кишоварзии Тоҷикистон гурӯҳи кории истифода аз чарогоҳҳо ташкил шудааст ва ин гурӯҳ роҳҳои ҳали ин масъаларо бо Қирғизистон баррасӣ мекунад. Бо вуҷуди ин коршиносони байналмиллалӣ мегӯянд, Тоҷикистону Қирғизистон дар истифодаи якҷояи чарогоҳҳои худ нисбат ба кишварҳои дигари минтақа Қазоқистону Туркманистон ва Узбакистон пеш рафтаанд.

Масалан, дар Тоҷикистону Қирғизистон қонун дар бораи дороии ҷамъиятӣ эълон кардани чарогоҳҳо қабул шудааст, вале дар се кишвари дигари Осиёи Марказӣ то ҳол ин гуна қонун вуҷуд надорад.

Ин мушкилотро 17 ноябр коршиносон дар як конфронси вижаи дурӯза дар Бишкек баррасӣ карданд.Дар ин конфронс бештар аз 80 коршиноси минтақаӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ ширкат доранд. Коршиносони байналмиллалӣ таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро дар истифодаи чарогоҳҳои фаромарзӣ дар ихтиёри намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор медиҳанд.

Чарогоҳҳои баҳсбарангез дар минтақаҳои марзии миёни Тоҷикистону Узбакистон низ вуҷуд дорад ва сокинони марзии ноҳияи Панҷакент ҳангоми чаронидани чорво ду бор гирифтори мушкил шудаанд ва марзбонони Узбакистон бори аввал чӯпононро боздошт ва 1867 сар чорвои онҳоро ба қаламрави худ бурда буданд. Танҳо дар натиҷаи музокироти Раёсати марзбонии Кумитаи амнияти милии Тоҷикистон ин чӯпонон раҳо ва чорво ба соҳибонашон баргардонида шуд.

Коршиносон аз созмонҳои байналмиллалӣ бар ин ақидаанд, ки кишварҳои ҳаммарзи Осиёи Марказӣ низ бояд роҳҳои истифодаи маштарак аз чарогоҳҳои якдигарро пайдо кунанд, таҷрибае ки дар кишварҳои дигари ҷаҳон амал мекунад.

XS
SM
MD
LG