Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як сарбози НАТО дар шимоли Афғонистон


Паймони НАТО рӯзи 15 ноябр дар бораи кушта шудани як сарбозаш дар шимоли Афғонистон хабар дод. Дар изҳороти ин Паймон омадааст, ки тирандозӣ рӯзи ҷумъа ба вуқӯъ пайваст, аммо аз ироаи дигар ҷузъиёти ҳодиса, аз ҷумла, ҳуввияти сарбоз, худдорӣ шудааст.

Хабаргузориҳо навиштаанд, ки бар асари ҳамлаҳо дар Афғонистон 61 сарбози хориҷӣ, аз ҷумла, дасти кам 45 низомии амрикоӣ ҷон бохтаанд.

Мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” ҳамлаҳо ба нерӯҳои афғон ва хориҷиро дар сартосари Афғонистон аз тобитсони соли равон шиддат бахшиданд. Қарор аст, ки низомиёни НАТО то поёни соли равон Афғонистонро тарк намоянд, аммо теъдоди бузурги сарбозони амрикоӣ барои тамрини нерӯҳои амниятии ҳукумати Кобул дар кишвар боқӣ хоҳанд монд.

XS
SM
MD
LG