Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёт ба зидди созмони Давлати исломӣ "дароз" мешавад


Мақомоти баландояи низомии Амрико ба вакилони Конгресс гуфтанд, амалиёти дарозу тулонӣ бар зидди ҷангҷӯёни созмони Давлати исломӣ нав шурӯъ шудааст ва мумкин аст, бо ҳамроҳ кардани теъдоде аз мушовирони низомии Амрико ба сафи сарбозони Ироқ васеътар карда шавад. Мартин Демси, раиси ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳ ва Чак Ҳагел, вазири дифои Амрико дар ин бора рӯзи 13-уми ноябр дар назди вакилони Кумитаи низомии Маҷлиси намояндагон сухан гуфтанд. Мартин Демси гуфт, ҳоло наметавонад бигӯяд, ки кадом вақт ҳамроҳӣ кардани нерӯҳои Амрико бо сарбозони Ироқро машварат медиҳад, аммо афзуд, “Албатта мо ин масъаларо баррасӣ мекунем.” Ҳукумати Амрико қаблан гуфтааст, ки сарбозони кишварро ба ҷанги заминӣ алайҳи гурӯҳи Давлати исломӣ намефиристад. Барак Обама аз конгресс дархост кардааст, ки барои иҷрои амалиётҳо ва то 3 ҳазор нафар расондани шумораи сарбозони Амрико дар Ироқ бештар аз панҷуним миллиард доллар ихтисос бидиҳанд.

XS
SM
MD
LG