Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раъйи ғайримуқаррарии Русия дар Шӯрои Амният


Русия дар раъйгирӣ дар Шӯрои Амният дар бораи тамдиди ҳузури нерӯҳои посдори сулҳи Иттиҳодияи Аврупо дар Босния, раъйи бетараф дод. Виталий Чуркин, сафири Русия, дар Созмони Милал гуфт, набояд шаҳрвандони ин кишварро маҷбур ба самти Иттиҳодияи Аврупо равон кунанд. Бақияи аъзои Шӯрои Амнияти Созмони Милал рӯзи 11-уми ноябр ба тарафдорӣ аз он раъй доданд, ки ҳузури нерӯҳои посдори сулҳи Иттиҳодияи Аврупо дар Босния як соли дигар тамдид карда шавад. Ба гуфтаи таҳлилгарон худдории Русия дар раъйдиҳӣ дар Шӯрои Амният нишондиҳандаи ихтилофоти амиқ миёни кишварҳои ғарбӣ бахусус дар робита ба Украина аст. Филип Берто, узви намояндагии Фаронса дар Созмони Милал, дар саҳифаи худ дар Твиттер навиштааст, ки Русия то кунун ба тамдиди ҳузури нерӯҳои посдори Иттиҳодияи Аврупо дар Босния мухолифат накардааст ва ҳоло “фазои бади Украинаро ба масоили дигар мекашонад.” Нерӯҳои посдори сулҳ дар Босния бо номи EUFOR бо ҳадафи фурӯ нишондани танишҳо байни мардуми боснӣ, хорват ва сербҳо истодаанд, ки баъди ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 ва 1995 то кунун аз байн нарафтааст.

XS
SM
MD
LG