Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли афви бархе аз эътирозгарони Хоруғ


Хоруғ. 21 май
Хоруғ. 21 май

Як манбаъ дар додситонии кулли Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, бахше аз ширкаткунандагони нооромиҳои Хоруғ мавриди афв қарор мегиранд. Аммо ба гуфтаи ӯ, парвандаи онҳое, ки дар ҷиноятҳои сангин даст доранд, қатъ нахоҳад шуд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, тибқи қонуни афв, бархе аз парвандаҳои ҷиноӣ дар робита ба нооромиҳои 21-24 майи шаҳри Хоруғ қатъ мешавад. Як манбаъ дар додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, парвандаҳое, ки бо иттиҳоми майдаавбошӣ ва дигар ҷиноятҳои сабук вуҷуд дошт, ба эҳтимоли ғолиб қатъ мешавад, вале таҳқиқи парвандаҳои онҳое, ки Хоруғро ба саҳнаи муноқиша ва хунрезӣ табдил доданд, идома мекунад.

Ахиран тибқи Қонуни афв, дасти кам 5 нафарро аз боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хоруғ озод карданд, вале ҳеҷ яке аз онҳо дар нооромиҳои баҳори имсол дар маркази Бадахшон даст надоштаанд.

Алим Шерзамонов, раҳбари созмони ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон, рӯзи 11-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз афв шудану раҳоии 5 нафар аз боздоштгоҳи Хоруғ хабар дорад. Аммо ӯ имкони қатъи парвандаҳои мавҷуд нисбат ба ҳодисаҳои Хоруғро зери суол бурд, чун ба гуфтаи Алим Шерзамонов, ба касе иттиҳом эълон нашудааст ва то ҳол касеро ҳам дастгир накардаанд: “Ҳеҷ кас парванда надошт ва кормандони мақомоти интизомӣ ва вазоратҳои қудратӣ, ки амалашон боиси талафоти ҷонӣ шуда буд, онҳо низ пайдо нашуданд ва гуфта намешавад, ки ягон кас дар ин ҷо мавриди таъқиб қарор дошт ва ин таъқиб бардошта мешавад.”

Эътирозҳои Хоруғ
Эътирозҳои Хоруғ

Эътирозҳои Хоруғ рӯзи 21 май, дар пайи як тирандозӣ дар маркази шаҳр оғоз ёфт. Дар ҷараёни як амалиёт, ки ба гуфтаи пулис, алайҳи қочоқбарони маводи мухаддир сурат мегирифт, 3 нафар, аз ҷумла як афсари нерӯҳои махсус (ОМОН) кушта шуд ва 4 тани дигар захм бардоштанд. Баъд аз ин ҷамъе аз сокинони Хоруғ бо талаби раҳоии боздоштшудаҳо ва муҷозоти маъмурони ОМОН ба назди бинои раёсати умури дохилаи вилояти Бадахшон рехтанд ва бинои пулису додситониро оташ заданд. Дар як ҳодисаи дигар дар шаби 23 май дар назди бинои раёсати амнияти миллии вилояти Бадахшон боз як нафар куштаву ду тани дигар захмӣ шуданд.

Дар додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, ба хотири ҳифзи суботу оромӣ ва талаби мардуми шаҳр касеро дар паи эътирозҳои моҳи майи Хоруғ боздошт накардаанд, зеро ин кор дар шароити баду бӯҳронӣ “ба зиёни амнияту субот” дар Хоруғ мешуд. Вале ба гуфтаи мусоҳиби мо, парвандаҳо барои ошкор кардани гунаҳкорони аслии нооромиву оташ задани биноҳои додситонӣ ва раёсати умури дохилӣ боз шудааст, зеро ин ҷиноятҳои ҷиддианд ва “омилони ҳар ҷиноят бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд.”

Улфатхонум Маҳмадшоева, узви Кумиссиюни таҳқиқи нооромиҳои рӯзҳои 21-24 майи дар Хоруғ гуфтааст, ки ҳоло дар кори кумиссиюн ду масъала, яъне рӯ ба рӯ кардани ширкатдорони ҳодиса бо шоҳидон ва “эълони айбнома ба афроде, ки дар сар задани нооромиҳо даст доштанд,” боқӣ мондааст. Чанде пеш Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон аз ҷумла Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, яке аз фармондеҳи пешини мухолифонро аз омилони нооромӣ дар Хоруғ ном бурда гуфт, ки ӯ бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд, “ҳатто агар ҷарима ҳам” супорад, зеро дар сурати беҷазо мондани ӯ гӯё худи “додситон ҷиноят содир мекунад.”

Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров
Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров

Тафтиши парвандаи нооромиҳои Хоруғро, ки рӯзи 21 май дар пайи як тирандозӣ дар маркази шаҳр оғоз шуд, муфаттишони додситонии кулли Тоҷикистон идома медиҳанд. Алим Шерзамонов низ мегӯяд, бешак дар додситонӣ феҳрасти онҳое ҳаст, ки ба нооромиҳои Хоруғ гунаҳкор дониста мешаванд: “Дар инҷо аксарият бар онанд, ки ин рӯйхатҳо дар дасташон вуҷуд дорад ва мавриди даркорӣ шояд нафароне пайдо шаванд, ки ба онҳо ҷурмҳои вазнинтар аз амали кардаашон бор шавад.”

Порлумони Тоҷикистон рӯзи 29 октябр ба муносибати 20-умин солгарди қабули Қонуни асосӣ қонуни афви умумиро тасвиб кард, ки қарор аст, татбиқи ин қонун то шаш моҳ давом кунад ва дар ин муддат дар маҷмӯъ даҳ ҳазор нафар ё аз зиндон раҳо мешаванд ва ё парвандаи ҷиноияшон лағв мешавад.

Як узви Кумиссиюни таҳқиқи нооромиҳои Хоруғ, ки ҳаққи сӯҳбат бо хабарнигоронро надоштааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, лағви баъзе аз парвандаҳои марбут ба нооромиҳои Хоруғ ба нафъи кор аст, зеро худи мардум ҳам фаҳмиданд, ки нооромӣ ба манфиаташон нест. Баъди ин ҳодисаҳо, маҷрои сайёҳони хориҷӣ ба Бадахшон, ки як минтақаи ҷаззоб барои сайёҳист, кам шудааст ва ҳамингуна меҳмонхонаҳову афроде, ки аз ҳисоби хидмат расондан ба сайёҳон фоида мегирифтанд, аз як манбаи муҳими даромад маҳрум шуданд.

​Маркази вилояти Бадахшон аз ин пеш дар тобистони соли 2012 низ дар пайи қатли Абдулло Назаров, раиси идораи амнияти вилоят дучори нооромиҳо шуда буд. Дар он сол мақомоти амниятӣ амалиётеро алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи худсар дар минтақа ба роҳ андохтанд ва бино ба гузоришҳо, дар натиҷа аз ҳарду тараф то 70 нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG