Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коендерс: "Шояд баъзе аз ҷасадҳоро наёбем"


Берт Коендерс, вазири умури хориҷии Ҳолланд, мегӯяд, шояд боқимондаҳои ҷасадҳои баъзе аз мусофирони ҳавопаймои ширкати Малайзияро ҳеҷ гоҳ пайдо накунанд. Берт Коендер дар ин бора дар шаҳри Харков дар шарқи Украина ва дар маросими гиромидошти хотираи он қурбониёне сухан гуфт, ки боқимондаҳои ҷасади онҳоро чанде пеш пайдо карданд. То кунун ҷасадҳои 9 мусофири ҳавопайморо пайдо накардаанд, ки он бо 298 мусофир рӯзи 17-уми июл дар шарқи Украина суқут кард. Берт Коендерс афзуд, муфаттишон умедворанд, ки бақияи лошаҳои ҳавопайморо пайдо мекунанд, вале авзоъи ноороми амниятӣ намегузорад, ки онҳо корашонро такмил намоянд. Ҳавопаймои МН-17 дар фазои минтақае таркид, ки дар дасти шуришиёни тарафдори Русия аст. Ҳукумати Украина ва кишварҳои ғарбӣ гуфтаанд, ки ҳавопайморо ҷудоихоҳон бо мушаки БУК задаанд, ки Русия ба онҳо додааст. Вале Маскав ин иддаоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG