Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоҳари Омбудсмен таҳти бозпурсӣ қарор дорад


Бакит Амонбоев
Бакит Амонбоев

Омбудсмен ё Гузоришгари ҳуқуқи башари Қирғизистон мегӯяд, хоҳари вай Урмат Амонбоева таҳти бозпурсӣ қарор дорад ва ин бозпурсиҳо дорои ангезаи сиёсӣ мебошанд.

Бакит Амонбев 4 ноябр ба хабарнигорон гуфт, ки парвандаи хоҳараш бо фаъолиятҳои вай чун Омбудсмен иртибот дорад. Вай дар ин бора тавзеҳоти бештар надод.

Дафтари Додситонии кулли Қирғизистон 3 ноябр гуфт, ки Урмат Амонбоева ба эҳтимоли созмон додани як гурӯҳи ҷиноӣ ва фасоди моливу шустушӯи пул гунаҳгор дониста мешавад. Вай дар солҳои 2009-2013 ҳангоме, ки чун сармуҳосиби Маркази бемориҳои сил дар Ӯш кор мекард, ба ин корҳо даст задааст.

Порламони Қирғизистон соли гузашта Амонбоевро Омбудсмен ё Гузоришгари ҳуқуқи башари Қирғизистон интихоб кард. Омбудсмени пешин барои моҷарое роҷеъ ба раҳоии як раҳбари гурӯҳи ҷинояткор аз зиндон аз мақом барканор шуд.

XS
SM
MD
LG