Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони ҷамъиятҳои узбак ба ҳабси абад маҳкум шуданд


Додгоҳе дар ҷануби Қирғизистон раҳбарони ҷамъиятҳои узбакро дар ғиёбашон барои муддатҳои тулонӣ маҳкум кард. Онҳоро барои ширкат дар ҷангҳои қавмии соли 2010 муттаҳам медонанд.

Дафтари Додгоҳи Олии Қирғизистон 4 ноябр гуфт, раҳбарони ҷамъиятҳои узбаки шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод Қодирҷон Ботиров ва Ином Абдурасулов ба ҳабси абад маҳкум шудаанд. Раҳбари дигари онҳо Каромат Абдуллоева ба 16 соли зиндон маҳкум шуд.

Ҳукми додгоҳро барои ин се нафар дар ғиёбашон қироат карданд. Онҳоро барои созмон додани муноқишаҳои қавмии миёни қирғизҳову узбакҳо дар соли 2010 дар ҷануби Қирғизистон муттаҳам медонанд.

Тақрибан 450 нафар дар ин ҷангҳо кушта ва ҳазорон нафар ҷароҳат бардоштаанд ва ё бехонаву дар шудаанд. Аксари қурбониён аҳолии узбактабор буданд.

XS
SM
MD
LG