Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арсений Ятсенюк нахуствазир боқӣ мемонад


Арсений Ятсенюк
Арсений Ятсенюк

Ба Арсений Ятсенюк пешниҳод шудааст, ки баъд аз ташкили ҳукумати нави Украина дар мақоми нахуствазирӣ боқӣ бимонад. Ятсенюк дар нишасти хабарӣ гуфт, ҳар ҳизб, ки дар интихобот мақоми аввалро ишғол мекунад, бояд дар бораи ташкили ҳукумат музокиротро оғоз кунад ва раҳбари ин ҳизб раҳбарии ҳукуматро низ бар уҳда хоҳад гирифт.

Дар интихоботи порламонии Украина 98 дарсади оро шумурда шудааст ва ҳизби Ҷабҳаи Мардумии Ятсенюк бо 22,2 дарсади оро дар зинаи аввал қарор дорад. Блоки Петро Порошенко бо 21,8 дарсад дар зинаи дуввум ҷой гирифааст.

Ҳизбҳои Баткившинаи Юлия Тимошенко-нахуствазири пешин, ҳизби “Самапомош”-и Адрей Садовий-шаҳрдори Лвов ва ҳизби Тундгарои Олеҳ Ляшенко низ вориди порламон мешаванд ва онҳо бояд то 3 ноябр феҳристи номзадҳои худ ба кобинаи вазиронро таҳия ва пешкаш кунанд.

XS
SM
MD
LG