Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилма Русеф дар Бразилия пируз шуд


Дилма Русеф-раиси ҷумҳури мунтахаб
Дилма Русеф-раиси ҷумҳури мунтахаб

Хонум Дилма Русеф-бори дуввум раиси ҷумҳури Бразилия интихоб шуд. Русеф 66 сола аст ва бо 51,5 дарсади оро интихоботро бар рақиби худ Аесиу Невиса бурд. Вай аз Невиса 3 дарсад бештар рай ба даст овард.

Дар давоми 30 соли гузашта дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ натиҷаҳои ду рақиб ба ин андоза ба ҳам наздик нашуда буд. Маъракаи пешазинтихоботии ҳар ду рақиб дар даври дуввум хеле шадид буд.

Дилма Русиф аз мардуми кишвараш хост, ки ба ваҳдат биёянд, бо вуҷуди ин ки ихтилоф миёни ҷонибдорону мухолифонаш шадидтар шудааст, зеро дар маъракаи пешазинтихоботӣ ҳар ду номзад аз якдигар интиқод мекарданд.

XS
SM
MD
LG