Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин анҷумани Созмони ҳамкории исломӣ дар Душанбе


Рӯзҳои 27-28 октябр дар Душанбе нахустин анҷумани сармоягузорӣ дар чаҳорчӯби нақшаи амали Созмони ҳамкории исломӣ оид ба ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ доир мешавад. Дар барномаи кори анҷуман гуфта мешавад, ки ин ҳамоиш бо қироати оятҳо аз "Қуръони Карим" оғоз ёфта, асосан рӯи масоили рушди долонҳои нақлиётӣ ва инфрасохтори энергетикӣ ва густариши тиҷорату сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ тамаркуз мекунад. Интизор меравад, дар рӯзи аввали анҷуман раисиҷумҳцури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Иёд Амин Маданӣ ва вазирони хориҷаи Судону Либия, вазири давлатии Имороти Араб ва муовинони вазирони хориҷаи Саудияву Афғонистону Қатар ва ҳамчунин мудиромили ширкати қатарии "Диёр Тоҷикистон" Камол Ҳиҷозӣ суханронӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG